Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Трамп ва ҳамсараш гирифтори COVID - 19 шуданд

© REUTERS \ REGIS DUVIGNAUПрезидент Дональд Трамп и первая леди Мелания
Президент Дональд Трамп и первая леди Мелания - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ташхиси охири президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелани Трамп аз коронавируси навъи COVID - 19 мусбат баромад

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, гирифтори коронавирус шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

​"Имрӯз ташхиси ман ва хонуми аввал аз COVID-19 мусбат баромад. Мо ҳаминак карантин мекунем ва ба табобат шурӯъ менамоем. Мо якҷо инро паси сар мекунем!" - навиштааст Трамп дар Twitter.

Дар навбати худ, пизишки президент гуфт, ки вазъи саломатии кишвардор ва ҳамсараш хуб ҳаст ва онҳо нақша доранд дар Қасри Сафед бимонанд ва вазифаҳояшонро аз хона анҷом диҳанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ёвари Доналд Трамп - Хоуп Хинкс гирифтори коронавирус шудааст.

ИМА то ҳол дар сархати бештарин гирифторони COVID - 19 қарор дорад. Дар ин кишвар 7 277 759 кас мубталои ин вабои аср шудааст. Дар умум то имрӯз дар ҷаҳон 34 миллион кас гирифтори коронавирус шуда, беш аз 1 миллион қурбони ин беморӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0