Таҳсил дар Ҷопон: Муҳриддин ва Мияшита ёддошти тафоҳум имзо карданд

© AFP 2023 / Charly TriballeauВид сверху на район Гиндза в Токио, Япония
Вид сверху на район Гиндза в Токио, Япония - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷопон шумораи бурсияҳоро барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар бештар мекунад. Дар ин бора ёддошти тафоҳум имзо шуд

ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Имрӯз вазири  корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба сарвазири тозатаъйини Ҷопон барқияи шодбошӣ фиристод

Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду давлат дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 мавриди баррасӣ карор гирифтааст.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон буда, дар соҳаҳои мухталиф ҳамкории гуногунҷанба ба роҳ мондааст.

"Мо аз кумаки JICA дар соҳаи зерсохтор, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бозомӯзӣ ва рушди малакаҳо дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) сипосгузорем", - гуфтааст Муҳриддин.

Ӯ афзуда, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки стратегияи рушди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

"То имрӯз беш аз 2 ҳазору 250 нафар мутахассисон аз Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни омӯзишӣ дар Ҷопон ширкат варзиданд".

Аз соли 2009 инҷониб Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) тавассути баланд бардоштани иқтидори мутахассисони ҷавон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳуқуқ, иқтисод ва мудирият саҳми зиёд мегузорад.

"Мояи хушнудист, ки шумораи стипендияҳо барои солҳои хониши 2020-2030 дар магистратура аз 7 ба 12 адад зиёд шуд", - гуфт вазири тоҷик.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки "мо ҷиҳати татбиқи минбаъдаи барномаҳои таълимӣ ва стипендия дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти стратегӣ, мудирият, муҳандисӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, навоварӣ, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, молия ва бонк, саноат, энергетика, тандурустӣ ва сайёҳӣ  манфиатдорем".

Ҳамин тавр, дар анҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Такаюки Мияшита Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар бораи Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсониро имзо намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0