Раҳмон ба сарвазири тозатаъйини Ҷопон барқияи шодбошӣ фиристод

Обуна шудан
Ёсихидэ Суга тоза ба курсии сарвазири Ҷопон такя зад. Ба ин муносибат кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Суга барқияи табрикотӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз унвонии сарвазири тозатаъйини Ҷопон барқияи шодбошӣ ирсол кард, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Премьер-министр Японии Синдзо Абэ - Sputnik Тоҷикистон
"Узр, ки ...меравам": Сарвазири Ҷопон аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои манбаъ, Президенти Тоҷикистон Сугаро бинобар интихоб шудан ба мансаби сарвазирӣ сидқан муборакбод гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон мардуми Ӯзбекистонро бо истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфт

Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст:

"Ҷаноби Олӣ, бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Сарвазири Ҷопон табрик ва муборакбодӣ менамоям".

Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи бойи Суга таъкид намуда, изҳор доштааст, ки малакаи қавии касбӣ ба ӯ имкон медиҳад, то дар иҷрои вазифаи пурмасъули худ муваффақ шавад.

Гузашта аз ин, роҳбари давлат таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо яке аз кишварҳои мутараққии Осиё – Ҷопон ҳавасманд мемонад.

Путину Трамп раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик карданд

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҷопон ба сатҳи сифатан нав мебарояд.

Дар фарҷоми мактуби шодбошӣ Эмомалӣ  Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоб саломатии комил таманно карда, ба мардуми Ҷопон сулҳу субот ва саодату шукуфоиро орзу намуд.

Лентаи хабарҳо
0