Раҳмон аз зимистони тӯлонии оянда ва вобастагӣ аз ғизои хориҷӣ гуфт

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ аз зимистони сарду тӯлонӣ ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот масъалаи омодагӣ ба зимистонро махсусан таъкид карда, афзуд? тибқи пешгӯии мутахассисон зимистони дарпешистода сарду тӯлонӣ меояд.

Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Рустам ба масъулини пойтахт аз танзими нарх то захираи ғизо ва омодагӣ ба зимистон

“Бинобар ин, зарур аст, ки ба масъалаи дар ҳар як оила захира кардани маводи озуқа, сӯзишворӣ ва омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқ ва роҳҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи феълӣ дар ҷаҳон зикр намуда, таъкид кард, ки бояд вобастагии Тоҷикистон аз ғизои хориҷӣ коҳиш дода шавад. Ӯ зарур хонд, ки барои таъмини мардум бо озуқаи истеҳсоли худӣ чораҷӯӣ карда шавад.

“Хусусан, шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҷиҳати ҳарчи бештар бо маҳсулоти озуқаи истеҳсоли худӣ таъмин намудани аҳолӣ ва кам кардани вобастагӣ аз воридоти маводи ғизоӣ мунтазам чораҷӯӣ намоем”, - изҳор дошт Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0