ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳр, зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт, дастур додааст, ки дар ҳама соҳаҳо омодагии ҷиддӣ гирифта, фаъолияти сохторҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамзамон роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншоотҳои соҳа барои қабули гармӣ чораҳои бетаъхир андешанд.
Рустами Эмомалӣ барои бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, иҷрои аз меъёри асосӣ зиёди нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, мониторинги нарху наво ба масъули пойтахт супоришҳо додааст.
Масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ уҳдадор гардиданд, ки кори муътадили марказҳои барқу гармидиҳӣ захираи ангишту мазутро таъмин намуда, оид ба пайвастшавии бинову иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ, таъмир ва сохтмони истгоҳҳои трансформаторӣ, пешгирии худсаронаи пайвасти ноқилҳо ба симчӯбҳо ва қонунвайронкуниҳо дар истифодаи қувваи барқ, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.