ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 вохурӣ анҷом доданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳадаф аз гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд пеш аз ҳама пайваста огоҳ намудани муҳассилин барои пешгирии бемории сироятии вируси корона аст.
Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ идома доранд ва ҳангоми боздид аз рафти чораҳои пешгирикунанда муайян шудааст, ки масъулин ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.
Инчунин вазорати тандурустӣ иттилоъ додааст, ки дар идомаи сафари корӣ мутахассисони марказ бо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода вохӯрӣ намуда, аз чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавируси нави COVID-19 дар марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд низ дидан намуданд.