ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи нишондодҳои ҳафтаи равон қурби рубл нисбат ба сомонӣ қариб то чаҳор сомонӣ коҳиш ёфт.
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши имрӯ 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1307сомонӣ ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3290 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0529 то 12.3000сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.
Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1355 то 0,1375 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 133 то 137 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1320 то 0,1400 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст
БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.