ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад, ки ба марги се нафар ва маҷрӯҳ шудани чанд тани дигар анҷомид.
Ба иттилои котиботи ВУД, ҳодисаи мазкур санаи 27 - уми сентябр, тахминан соати 19:30 дақиқа дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - Хуҷанд ру дод.
Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Дулан", Давлатов Абдуллои 35 - сола, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат, дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ-Хуҷанд" ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи "Хундай", таҳти идораи ронанда Раҷабзода Мунаввари 66 - сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Боз садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд": кӯдаки худрдсол ҳалок шуд
Дар натиҷа ҳарду ронандагон Давлатов, Раҷабзода ва мусофири автомашинаи тамғаи "Хундай", Маҳмудова Лайлои 51 - сола, сокини шаҳри Душанбе аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин мусофири дигари автомашинаи тамғаи "Хундай", Раҷабов Азизуллои 28 - сола ва мусофири автомашинаи тамғаи "Дулан", ноболиғ Давлатов Насими 17 - сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.