ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш санаи 21-уми сентябри тахминан соати 06:30-дақиқаи субҳ сар задааст.
Ба иттиллои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ҳошимов Шодмон Шодиевичи 36 сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди мавзеи Джикруди деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба ҷарии чуқуриаш тахминан 150-метр чаппа шудааст.
Суғд: дар 141 садамаи нақлиётӣ 75 нафар ба ҳалокат расидаанд
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, худи ронанда Ҳошимов Ш.Ш. ва мусофири он додараш, Ҳошимов Аюбходҷа Шодиевичи 25 сола, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВУД мегӯяд аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.