Мехост бимирад: наҷоти зани 49-сола аз худкушӣ дар шаҳри Душанбе

© Сайт мэра города ДушанбеРустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе
Рустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид дошт, ки зани 49-сола, ки мехост аз пули маҳалли 103-уми шаҳри Душанбе худро сарозер кунад, ба наҷотдиҳандагон нагуфт сабабш дар чӣ будааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Наҷотдиҳандагон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ахран дар шаҳри Душанбе як зани 49-солаеро, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд.

Граница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сокини Роштқалъа ба қасди худкушӣ худро ғарқи рӯди Шоҳдара кард: ҷасадашро наёфтанд

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ин зан шаби 6-уми сентябри соли равон, соати 00:30 дақиқа аз пули маҳалли 103-уми шаҳри Душанбе мехост худро сарозер кунад.

Худкушӣ ё маризи COVID - 19 буд: даргузашти собиқ раиси филиали "Агроинвестбонк"

“Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи 1-уми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса расид ва ин зани ошуфтаву қасди ҷони худкардаро наҷот дод”,- таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон КҲФ Тоҷикистон зикр намудааст, ки ин зани наҷотёфта 49 сол дошта, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Дар суҳбат бо кормандони наҷот сабаби ин иқдомашро нагуфт.

Гуфта шудааст, ки баъди наҷоти ёфтан, зани номбурда ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0