ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бино бар иттилои КМИР, имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба арзёбии интихобот таҳти роҳбари Ивилина Алексиева-Робинсон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, дидору гуфтугӯ кард.
Манбаъ таъкид доштааст, ки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ошкорои Комиссия вобаста ба тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи Президенти Тоҷикистон ба ҳайати мушоҳидон иттилоъ дод.
Гуфта шудааст, ки зимни суҳбат ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода Комиссия дар самти фаъолгардонии электорат, пешбурди корҳои иттилоотию машваратӣ, истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ дар ин раванд, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонидааст.
Инчунин таъкид шудааст, ки КМИР Тоҷикистон ҳамзамон барои ҷалби назарраси занон дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, волонтёрон, риояи чораҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи KOVID – 19 дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар рӯзи интихобот, омодагии комиссияҳои интихоботӣ ба баргузории интихобот ва дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи Президенти Тоҷикистон корҳои мушаххас анҷом додааст.