ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳукуматҳои тамоми ҷаҳон бояд ба ҷорӣ кардани қарантини шадид омода бошанд, то аз афзоиши шумори фавти одамон аз маризии коронавирус ҷилавгирӣ кунанд, хабар медиҳад ВВС бо истинод ба маълумоти раҳбари барномаи фавқулода дар соҳаи тандурустии СҶБ Майк Райан.
Манбаъ аз қавли Райан менависад, ба эҳтимоли зиёд, агар чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, шумораи қурбониёни ин беморӣ ба зудӣ ба ду миллион нафар хоҳад расид.
Беш аз 3 ҳазор эронӣ дар як рӯз ба коронавирус гирифтор шуданд: 175 кас ҷон бохт
Райан бар ин бовар аст, ки агар ваксинаи муассир пайдо шавад ҳам, он пеши роҳи фавти барзиёди одамон аз коронавирусро гирифта наметавонад.
"Агар мо тамоми қувваамонро ба кор набарем, эҳтимол фавти одамон то 2 миллион афзоиш ёбад", - изҳор доштааст Майк Райан.
Тибқи маълумоти охирини Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар ҷаҳон шумораи мубталоёни маризии коронавирус ба 32,7 миллион нафар расидааст.
Ҳамчунин аз ин маризӣ 993 ҳазор нафар фавтида, 22,6 миллион нафар шифо ёфтанд.