ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.
Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.
“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.
Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.
Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.