ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, аз рӯйи анъана бо фаъолони ин манотиқ сӯҳбати гарм баргузор кард.
Аснои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Кӯлоб, як сокини маҳаллӣ бо номи Саъбагул Валиева, собиқадори меҳнат бо баромадаш ба сарвари давлат муроҷиат намуд.
Валиева аз саҳми занони тоҷик дар пешрафт ва ободонии Тоҷикистон таъкид карда, афзуд ки бонувони тоҷик имрӯз дар баробари мардон, барои тараққиёти давлати тоҷикон саҳми назаррас доранд.
Лаҳзаи суханронии ин зани фаъол дар шабакаи YouTube нашр гардид.
Ба изҳори модари тоҷик, "имрӯз дар тамоми соҳаҳо, саҳми занони тоҷик бараъло ҳувайдост".
Зимнан, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар тақвияти ҳарфҳои Валиева илова намуд, ки дар соҳаи маориф 70 дарсади кормандонро занон ташкил медиҳанд.
"Ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ низ 60 фисади кормандон аз занони баруманди тоҷик иборат аст", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Шартномаҳо: Раҳмон ҳадафи Рустами Эмомалиро аз сафарҳо гуфт
Пас аз анҷоми суханронии собиқадори меҳнати шаҳри Кӯлоб, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷой бархост ва бо изҳори қаноатмандӣ барои ҳарфҳои гуфтаи ӯ каф кӯбид.
Эмомалӣ Раҳмон барои суханони неку тарбиятдиҳанда ба Валиева изҳори миннатдорӣ намуда, тарзи бастани рӯймолашро васф кард.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, занони тоҷик бояд айнан ба мисли Валиева рӯймол банданд, зеро ин тарзи бастани рӯймол танҳо хоси занони тоҷик аст.