Раҳмон ба амниятиҳои ноҳияи Восеъ хона тақдим кард

© Фото : Пресс-служба президента РТОткрытие новой школы в Хатлоской области
Открытие новой школы в Хатлоской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ бинои истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ бинои 3 — ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор дод.

Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Калиди хона: туҳфаҳои Раҳмон ба маъюбону ятимон дар Файзобод

Тибқи иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи июни соли 2019 оғоз ёфта буд ва дар давоми як сол иншоот бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта ва ба истифода дода шуд.

Гуфта шудааст, ки иншооти мазкур дар маркази ноҳия ҷойгир шудааст ва барои кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ супорид.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки минбаъд низ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи кор ва истиқомат фароҳам оварда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0