Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба Қирғизистон маҳккум шуданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки  в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави он кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи turmush.kg, ин панҷ нафар, ки сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, бар асоси қарордод бо як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба исми Фатҳуллоҳ барои ҷамъоварии шираи камол ба куҳистонҳои вилояти Ботканди Қирғизистон мунтақил шудаанд.

Главы МИД Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав масоили марзиро баррасӣ карданд

Корфармо ба онон барои ҷамъоварии ҳар як кило шираи камол пардохти ҳашт долларро ваъда додааст.  

Онҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки намедонистанд вориди қаламрави Қирғизистон шудаанд, аммо нерӯҳои марзбонии Қирғизистон пас аз чанд рӯз ононро ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави ин кишвар боздошт кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Лайлак ҳар як аз се шаҳрванди Тоҷикистонро ба пардохти 220 ҳазор суми қирғизӣ ва ихроҷ аз ин кишвар маҳкум кард.

Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ ҳар як ба шаш моҳ зиндон маҳкум шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0