ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар иштирокчии дигари финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 шуд, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар бозии даври нимфинал "Хатлон" дар майдони худ бар тими "Истаравшан" бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Кароматулло Саидов ва Худойдод Узоқов ба самар расонданд.
Игор Черевченко мутахассиси тоҷик эҳтимол сармураббии тими футболи "Химки" шавад
Манбаъ меафзояд, ҳамакнун дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ду дастаи вилояти Хатлон "Равшан"- и Кӯлоб ва "Хатлон" - и Бохтар вомехӯранд.
Дидори ин ду даста, рӯзи 8 - уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегирад.