ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik. Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.
Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.
"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.
Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.
Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.