ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik, Николай Протопопов. Қӯшунҳои хушкигард, тайёраҳои бомбаандоз, қиркунандаҳо ва гурӯҳҳои ҳамлавари флотӣ — Пентагон ва НАТО боз дар назди сарҳадҳои Давлати иттиҳод меафзоянд. Ба қарибӣ баталони танкии ИМА дар Литва фуруд омад — вай дар тамринҳои низомии “Ҷасорати атлантикӣ” (Atlantic Resolve) иштирок мекунад. Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия тез-тез парвозҳои ҳавонавардии стратегӣ ва тайёраҳои иктишофкунандаро муайян мекунанд. Сабаби ин чист — дар мақолаи РИА Новости хонед.
“Дӯстон” аз Балтика
Дар машқгоҳи шаҳри Пабраде даҳҳо танкҳои Abrams, мошинҳои ҷангии пиёдагарди Bradley, мошинҳои зиреҳпӯш ҷойгир карда буданд — дар машқгоҳи Пабраде як артиши хурд ташкил ёфт ва андак пеш аз ин амрикоиҳо ҳавонавардҳои худро — чархболҳои Apache ва Black Hawk-ро ҳам ба Литва интиқол доданд.
Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Белорус дар ин машқгоҳе, ки 15 километрии ҳудуди Давлати иттиҳодӣ ҷойгир аст, ҳамагӣ панҷсад хизматчии ҳарбӣ, 29 танк ва 43 мошини ҷангии пиёдагардро як ҷо ҷамъ кардаанд.
Мақомоти ҷумҳурии балтика шарҳ доданд, ки амрикоиҳо дар якҷоягӣ бо афсарони Литва вазифаҳои муштараки омӯзиширо таҳия хоҳанд кард. Ин амалиётҳо аз рӯи нақшаанд ва муқобили дигар кишварҳо равона нестанд. Бояд қайд кунем, ки Вилнюс аз амрикоиҳо дар бораи тез-тез гузаронидани тамринҳо дар машқгоҳҳои Литва дархост мекунад ва таъмини истиқомати бароҳат барои шарикони он сӯи уқёнус дер боз яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат мебошад.
“Барномаи ротатсияи (ҷойивазкунии) қувваҳои амрикоии “Ҷасорати атлантикӣ” ҳанӯз замони раҳбарии собиқи Кохи Сафед оғоз ёфт, — изҳор дошт Артём Куреев, таҳлилгари ҳарбии клуби таҳлилии “Валдай” дар мусоҳиба бо РИА Новости. — Бо ҳодисаҳои Белорус ин мустақиман вобастагӣ надорад. Аммо дар айни замон, сарфи назар аз пандемияи коронавирус, хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ ҷадвали ҷойивазкуниро сахт риоя мекунанд ва амалиётҳои худро бекор намекунанд”.
Хотиррасон мекунем, ки амалиёти “Ҷасорати атлантикӣ”- ро ИМА якбора баъд аз ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия соли 2014 шурӯъ кард. Бо баҳонаи “таҷовузи русӣ” амрикоиҳо қӯшунҳои худро дар кишварҳои гуногуни Аврупо ҷойгир мекунанд ва тадриҷан шумораи онҳоро афзуда истодааст.
Фаъолияти нодуруст
Тибқи мулоҳозаи мутахассисон, НАТО фаъолияти худро дар назди ҳудуди русия аз соли 2014 ду маротиба зиёд кард. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия эълон кард, ки кишварҳои Паймони Атлантикии шимолӣ ба муқобилаи замони Ҷанги Сард мехоҳанд баргарданд: НАТО инфраструктураи худро мустаҳкам карда истодааст ва ташкили системаҳои мушакии худро дар Аврупои Шарқӣ давом медиҳад.
“Гурӯҳи НАТО дар кишварҳои назди Балтика дақиқ кам намешавад, — боварӣ дорад Куреев. — "Раҳбарони ин давлатҳо ба ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ниёз доранд, то дар назди интихобкунандагон аз" таҳдиди Русия "ҳимоят кунанд, ки ин метавонад ба нокомиҳои иқтисодӣ, бандарҳои истифоданашуда ва норозигии ақаллиятҳои русзабон рабт дода шавад."
Ғайр аз он, бар хилофи Олмон, кишварҳои назди Балтика — Латвия, Эстония ва Литва барои хӯрондани қӯшуни бегона тайёранд ва бахши асосии хароҷотро барои инфраструктура ва ҷобаҷокунии қувваҳои амрикоӣ ба дӯш мегиранд.
Аз ҷой ба ҷой гузаштани доимии хизматчиёни ҳарбии ИМА дар Аврупо — як чизи одатӣ аст. Бузургтарин майдони амалиёти ҳарбии Пентагон дар Аврупои Шарқӣ дар Лаҳистон (Полша) воқеъ аст. Ҳоло дар он ҷой чоруним ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд ва ба наздикӣ боз ҳазортои дигар оварда мешавад.
Вашингтон ва Варшава шартномаро дар бораи ҳамкории васеъи ҳарбӣ имзо карданд. Мувофиқи ин санад дар Полша тартиби фармондиҳӣ ва штабии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА беҳтар мешавад, марказҳои тайёрии ҳарбиро ташкил мекунанд, шароити мусоид барои ҷойгиркунии ҳавонавардии ҳарбию нақлиётӣ ва қувваҳои амалиёти махсус муҳайё мешавад.
Тибқи Қарори асосии Россия – НАТО соли 1997, алянс ӯҳдадор аст, ки дар сарҳадҳои шарқияш қувваҳои сершуморро доимӣ ҷойгир намекунад, аммо дар ин ҳол ИМА ин моддаҳоро моҳирона риоя намекунад.
Даҳҳо тайёраҳою чархболҳо бо мақсади “тарсондани” Русия ба Аврупо интиқол ёфтаанд. Ҳамин тавр дар Лаҳистон қиркунандаҳои F-16 ва тайёраҳои нақлиётии С-17 Hercules-ро ҷойгир кардаанд. Такроран барои посбонӣ кардани кишварҳои назди Балтика ва марзҳои фазоӣ ва баҳри Балтикаро ба Литва қиркунандаҳоро интиқол кардаанд. Пентагон гоҳ-гоҳ тайёраҳои муосири F-35 Lightning ва F-22 Raptor-ро барои намоиши қувваи худ ба фурудгоҳҳои иттифоқчиён мефиристад. Ҳамзамон дар Лаҳистон ҳам онҳо гурӯҳи бесарнишинҳои иктишофию ҳамлавари MQ-9 Reaper-ро ташкил карданд.
Намоиши қувваи ҳарбӣ
Ҳавонавардии стратегии ИМА дар Аврупо ҳам фаъол аст. Ҳамин тавр, се тайёраи бомбаандози В-52Н зарбазаниро бо мушакҳои пардор дар охири август дар вилояти Калининград таҳия карданд. “Стратегҳо” аз базаи ҳавонавардии Фэрфорд парвоз карда, аз болои Нидерланд, Олмон, Лаҳистон ба сӯи минтақаи машқгоҳи эстониявии Тапа гузашта омаданд ва ба ҳадафҳо дар ҳудуди Русия зарбаҳои шартиро заданд.
Дар аввали сентябр тайёраҳои бомбаандози “Flying Fortress” гирдогирди Украина парвоз кардаанд. B-52 аввалин бор ба фазои ҳавоии ин кишвар даромад — се тайёра бо ҳамроҳии қиркунандаҳои украинӣ аз сарҳади ғарбии давлатӣ то баҳри Азов ва баргаштанд.
Тибқи гуфтаи Сергей Суровикин, раҳбари Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия, ҳатто дар давоми як ҳафта — аз 28 август то 4 сентябр — тайёраҳои ҳавонаварди бомбаандози ИМА даҳ парвози алоҳида ва гурӯҳӣ дар фазои ҳавоии Аврупои Ғарбию Шарқӣ иҷро кардаанд. Ғайр аз ин даҳҳо тайёраҳои “иктишофӣ” ҳар ҳафта қад-қади ҳудуди русия парвоз мекунанд — қиркунандаҳои Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия гоҳ-гоҳ маҷбуранд чанд бор дар як рӯз барои барои боз доштан ба осмон парвоз кунанд.
Аммо Куреев қайд мекунад, ки бар хилофи Хитой, Русия ба ҳар хел “машқҳои зарбазанӣ ба сарзамини худ”-ро оромтар қабул мекунад ва бо тамринҳои нақшавӣ ҷавоб медиҳад. “Масалан, Пекин ба ин хел чизҳо хеле асабӣ муносибат мекунад ва дар ҳамон замон кӯшиш мекунад қувваи низомии худро нишон диҳад”, — изҳор кард мутахассис.
ИМА ба фазои обӣ ҳам аҳамият медиҳад. Киштиҳои онҳо на фақат дар баҳри Сиёҳ тез-тез пайдо мешаванд. Охири тобистон киштии зериобии ҳастаии USS Seawolf ба Норвеж интиқол ёфт ва андак пеш аз ин киштиҳои НАТО аз болои амалиётҳои зидди қаиқҳо дар Атлантикаи Шимолӣ дар назди соҳили Исландия машқ карданд.
Моҳи май флоти амрикоӣ аввалин бор дар сӣ сол ба баҳри Баренс даромад. Сарнишинони киштиҳои мушакии “Портер”, “Доналд Кук”, “Франклин Рузвелт” ва киштии бритониёии “Кент” дар шароити душвори иқлим машқ карданд.
Ҳамаи ин на танҳо дар бораи кӯшишҳои алянс дар таквият додани иқтидори ҳарбӣ дар Шимол, балки дар бораи қувваи афзудаи Флоти ҳарбии баҳрии Русия ва махсусан флоти Шимолӣ шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат, пас аз анҷоми Ҷанги Сард ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА флоти Русияро ҳамчун рақиби муҳим ҳисоб намекард.
Акнун онҳо маҷбуранд онро ба назари эътибор гиранд.