ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷавонзани 21 - соларо дастгир намуданд, ки дар расондани зарари вазнин ба саломатӣ, муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ин духтар сокини шаҳри Ваҳдат буда, ҷавони 25 - соларо оташ задааст.
Ҳодисаи мазкур санаи 26 - уми августи соли ҷорӣ, тахминан соати 12:00, дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух додааст.
Занашу худашро кушт ва чор фарзандро ятим кард: шарҳи куштор дар Панҷакент
Гуфта мешавад, сокини шаҳри Ваҳдат аз ҳиссиёти рашк ҷавони 25 - соларо, ки маъшуқааш будаст, бо истифода аз бензин оташ зад.
Манбаъ меафзояд, бар тибқи санади ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.