Ҷашнҳои рӯзи 18 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 18 сентября
День 18 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳаждаҳуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Озарбойҷон аз Рӯзи мусиқии миллӣ ҷашн мегирад

Рӯзи 18 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1947 Раёсати марказӣ-иктишофии ИМА таъсис дода шуд.

День 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 17 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1980 аввалин киштии кайҳонии "Союз-38" бо кайҳоннаварди кубагӣ  ба кайҳон баромад.

Соли  1981 дар Фаронса ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1851 аввалин шумораи рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" аз нашр баромад, ки 2 сент арзиш дошт.

Рӯзи 18 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар доираи созмонҳои байналхалқӣ баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии "Фазои дӯстӣ" доир шуд.

Соли 2012 дар пойтахти мамлакат   намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Вежа фармасевтикалс" ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар ба истифода дода шуданд.

День 14 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 14 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2008 дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистону Россияро, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, барои тасдиқ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Соли 2017 Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Ассамблеяи генералии 72-юми Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи мусиқии миллӣ.
  • Дар Арманистон – Рӯзи ситорашиносӣ.

Рӯзи 18 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1912-1996)  оҳангсоз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоқурбон Солиев.

Соли 1934  журналист Чоршанбе Мамадсаидов.

Соли 1938  доктори илмҳои иқтисодӣ Зиёратшо Акобиров.

Лентаи хабарҳо
0