Рӯзи 14 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1811 дар Пруссия сохти феодалӣ бекор карда шуд.
Соли 1867 нашри ҷилди якуми китоби “Капитал”-и Карл Маркс.
Соли 1937 дар ИҶШС мӯҳлати ҳабс барои “душманони халқ” дар маҷмӯъ зиёд шуд.
Соли 1939 дар ИМА аввалин маротиба парвози чархбол ба ҳаво сурат гирифт.
Соли 1989 Ҳаракати ҷамъиятии “Растохез” таъсис ёфт.
Соли 1991 Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон пароканда шуда, аз нав ҳамчун Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ташкил гардид.
Соли 2003 дар пайи як раъйпурсӣ Эстония ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуд.
Соли 2017 Париж ва Лос-Анҷелес расман пойтахти Бозиҳои олимпии 2024 ва 2028 эълон шуданд.
Рӯзи 14 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам — Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуд.
Соли 2006 Бонки рушди Чин барои рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 млн доллар қарз дод.
Соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардид.
Ссоли 2010 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Вахдат" машварати навбатии роҳбарони роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия доир шуд.
Соли 2014 Тоҷикистон ва Қазоқистон шарики стратегӣ шуданд.
Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни брифинг ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба мактабҳои олии Қазоқистон даъват намуд.
Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президентони Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф оварданд, мулоқот анҷом дод.
Соли 2017 рӯзномаи Парлумони Озарбойҷон бо номи “Истиқлолияти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба рушд” мақола нашр намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 14 сентябр
- Дар ИМА – Рӯзи суруди миллӣ.
- Дар Украина – Рӯзи сафарбаркунии кормандон.
Рӯзи 14 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Асадзода Мирзонасриддин (1949) – нависанда.
Адҳам Қаландаров (1942-1994)- актёри театр.
Ҳикмат Мўъминов (1966) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
Лутфулло Саидмуродов (1959) – доктори илми иқтисод.
Зулайхо Тоҷикова (Зоя) (1935) – санъатшинос.
Бурҳон Тўраев (1909 – 1987) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Григорий Шейкин (1919 – 1987) –ирригатор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Александр Ширшов (1911 – 1982) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Музаффар Набиев (1977)- олими соҳаи тиб, ҷарроҳи шинохтаи кишвар.