Қарори Ҳукумат: хоҷагии зотпарварии Хуросон ба тавозуни “Чашмаи Нуқра”-и Данғара гузашт

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат хоҷагии зотпарварии ба номи Сафар Шерназарови ноҳияи Хуросонро ба тавозуни “Чашмаи Нуқра”-и ноҳияи Данғара гузарондааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар қарори Ҳукумат таъкид шудааст, ки хоҷагии зотпарварии ба номи Сафар Шерназаров ба тавозуни кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” гузаронда шавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в парке Чашмаи нукра - Sputnik Тоҷикистон
Боғи "Чашмаи нуқра": Президент гуфт, дарахтонро хуб нигоҳубин кунед

Ҳукумат қарор кардааст, ки самти фаъолияти хоҷагӣ дар бахши зотпарварӣ бояд ҳифз шавад. Инчунин илова шудааст, ки хоҷагӣ бо қарзҳои кредиторию дебиторӣ ба “Чашмаи Нуқра”-и Данғара гузаронда шавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки тағйироти дахлдорро ба санадҳо ворид созад.

Қаблан Камолиддин Шоев, мутахассиси соҳа бо нашри як матлаб дар нашрияи “Садои мардум”, таъкид карда буд, ки базаи асосии истеҳсолу парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ хоҷагии таҷрибавии зотпарварии Даҳанакиик, ҳоло ба номи Сафар Шерназарови ноҳияи Хуросон буд.

Женщины Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Хатлон 9 833 раиса дорад: кадом бахшҳоро роҳбарӣ мекунанд?

“Бесабаб набуд, ки ин зотро дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беназир, беҳамто ва нодир ном гузошта буданд. Вазни ҳар як сар қучқори зоти гӯсфанди тоҷикии дар хоҷагӣ парваришёфта то 180 килограмм, меши он то 140 — 145 килограммро ташкил медод. Барраҳои модда то 40-54 килограмм ва қучқорчаҳо то 50-55 килограмм вазн доштанд. Аз қучқор то 3 — 3,5 килограмм, аз мешҳо то 2-2,5 килограмм пашм тарошида мешуд”, - изҳор дошта буд Шоев.

Ӯ таъкид намуд, ки ин зоти беҳтарин гӯсфанд аз байн рафта истодааст.

“Яке аз сабабҳои асосӣ он аст, ки замини чарогоҳи хоҷагиҳо бо ҳар роҳу восита ғайриқонунӣ ба шахсоне, ки аз одитарин роҳу воситаҳои парвариши чорво, бахусус зоти гӯсфанди тоҷикӣ огоҳӣ надоранд, фурӯхта ё тақсим карда шудааст”, - изҳор дошт Шоев ва аз масъулин хостори чораандешиҳо барои ҳифзи зоти гусфанди тоҷикӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0