ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шудааст.
Бино ба гузориши котиботи раисиыумщур, заминҳои Боғи “Чашмаи Нуқра” дар як мавзеи беоб ҷойгир буд ва дар натиҷаи дастгирии Ҳукумат ва меҳнати аҳлонаи коргарон дар муҳлати кутоҳи се чор соли охир ин мавзеъ ба як минтақаи обод мубаддал гардид.
"Нашъунамои хуби дарахтон ва ҷамъоварии ҳосили фаровони дарахтони мевадиҳандаи боғ натиҷаи бобарори талошҳҳои судманди Эмомалӣ Раҳмон мебошад",-омадааст дар хабарнома.
Масоҳати умумии заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” 1130 гектар буда, 402 гектарро майдони боғу токзор ва қитъаҳои боқимондаро заминҳои талу теппа ва чарогоҳ ташкил медиҳад.
Боғдорон дар майдони 32,6 га ангур ва дар заминҳои боқимондаи боғ навъҳои беҳтарини дарахтони биҳӣ, бодом, гелос, зардолу, нок, олу, олуча, олучабандак, себ, хуч, чормағз ва дигар меваҷот парвариш мекунанд.
Раҳмон ба Данғара рафту дар деҳоти Себистон мактаб ифтитоҳ кард
Зимни шиносоӣ бо вазъи боғу токзор дар Боғи “Чашмаи Нуқра” Президенти кишвар, коргаронро ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, нигоҳубини хуби дарахтон, истеҳсол ва содироти меваҷот ҳидоят кард.