ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори Антониу Гутерреш, хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад. Хадамоти ахбори СММ аз қавли Котиби генералии ин созмон хабар медиҳад, ки айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия "таҳдиди рақами аввал" аст.
Гутерреш мегӯяд, шумораи умумии қурбониёни ин маризӣ ба зудӣ марзи 1 миллион нафарро убур мекунад.
Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад.
Маълум шуд, ки чанд нафар гирифторони коронаврус аз Данғара шифо ёфтаанд
Гутерриш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи дастрас дошта бошанд.
Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст.