ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Абдулло Масамиев, муовини директори ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид доштааст, ки қарзи аҳолии шаҳри Кӯлоб дар назди ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳр 89 миилион сомонро ташкил додааст.
Қарзи ташкилоту идораҳои буҷетиву ғайрибуҷети ва дигар корхонаҳо 43 миллиони ташкил додааст.
Дар маҷмӯъ қарзи аҳолӣ, ташкилоту идора ва корхонаҳои шаҳри Кӯлоб дар назди ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳр 132 миллион сомониро ташкил додааст.
Ҳамчунин Абдулло Масамиев қайд кардааст, ки аз ҳақи истифодаи барқ Идораи обу корезии шаҳр шаш миллион сомонӣ, беморхонаи вилоятӣ дар минтақа 600 ҳазор сомонӣ, бозори Саховат 500 ҳазор сомонӣ, Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб 270 ҳазор сомонӣ, ҳамин тавр, 1 ҳазору 500 ташкилоту идора ва корхонаи хурду бузурги саноатӣ ва дигар муштариён аз барқ 132 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.
“Барои баргардонидани қарзи барқ мо ба суди иқтисодии муроҷиат кардем. Дар 8 моҳи соли ҷори 1 ҳазору 26 санади ғайриқонунии истифодаи барқ аз ҷониби муштариён ошкор карда шудааст”, - афзуд муовини директори ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб.
Ҳамзамон масъули ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб зикр кардааст, ки барқи ғайриқонунӣ истифодашуда дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби муштариён 2 миллиону 458 ҳазор киловат соатро ташкил медиҳад, ки маблағи он ба 1 миилиону 252 ҳазор сомонӣ баробар аст.
Гуфта шудааст, ки аз ин маблағ 732 ҳазораш рӯёнида шудааст.