Чаро дар ноҳияи Қубодиён шаҳраки хайманишинон пайдо шуд

© КЧС РТШаҳраки хайманишин дар ноҳияи Қубодиён
Шаҳраки хайманишин дар ноҳияи Қубодиён - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ин шаҳраки хайманишинон дар ноҳияи Қубодиён барои сохтмончиён аз Ӯзбекистон бунёд шудааст. Сохтмончиён ба ин ноҳияи барои сохтмони беморхонаи касалиҳои сироятӣ омадаанд

ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси корона  ва расонидани ёриҳои тиббӣ дар доираи Муоҳадаи байнидавлатӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сохтмони маҷмааи бисёрсоҳаи тиббӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ идома дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом шинос гардид - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба осебдидагон: бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин мешавед

Тавре манбаъ қайд кардааст, барои анҷоми корҳои сохтмон дар муҳлати муайяншуда гурӯҳи меъморон, сохтмончиён аз Ӯзбекистон ва созандагон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб шудаанд. 

Гуфта шудааст, ки барои фароҳам овардани шароит ба сохтмончиён 15-уми сентябри соли равон аз ҳисоби воситаҳои моддии вилояти Хатлон, бо талоши наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як шаҳраки хайманишинон бунёд гардид.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар ин шаҳрак 55 хйма гузошта шудааст, ки дар дохили он барои зиндагӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0