ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи маълумоти котиботи раисҷумҳур, дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як сокини ҷамоат хона-музей ташкил кардаву ашёҳои торихиро ҷамъ овардааст.
Имрӯз, 16 сентябр раисҷумҳур аз он музей дидан намудааст.
Тавре манбаъ менависад, “Хона-музей” соли 2014 бо иқдоми шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Нигораҳои таърихӣ, асбобу анҷоми қадимаи рӯзгордорӣ аз асрҳои 17-18 боқӣ мондаанд.
Асбоби дар “Хона-музей” гирд овардашуда давраи зиндагонӣ ва урфу одати ҳамонвақтаи миллати тамаддунофари тоҷикро инъикос мекунанд.
Гуфта мешавад, дар “Хона-музей” кӯзаҳои сафолӣ, мисӣ, асбоби мусиқӣ, олоти кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикон, аз кабили кандакорӣ, хумдонҳои сафолӣ, оҳангарӣ ва ғайра нигаҳдорӣ карда мешаванд.
Қайларо қавурдоқ мегӯед?: сӯҳбати президент сари як пиёла чой аз чӣ буд? - навор
"Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Нозимҷон Усмонов барои ташкил кардани “Хона-музей” аз соли 2000-ум сар карда, то имрӯз аз тамоми гӯшаву канори мамлакат намунаи зиёди осори таърихиро ҷамъоварӣ намуда, дар хонаи истиқоматии худ ин макони дорои аҳамияти таърихиро таъсис додааст", - афзудааст котибот.
Президент барои ин амали Нозимҷон Умаров аҳсану офарин хондааст.