ДУШАНБЕ, 12 сен - Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент президент Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо ташриф овардааст.
Гуфта мешавад, хоҷагидорон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, маккаи дон, лӯбиёгӣ ва дигар зироати кишоварзӣ кишт намудаанд.
"Дар самти боғдорӣ низ дар хоҷагии Воисовҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, 6 навъи дарахтони мевадиҳанда асоси боғи наздиҳавлигии онҳоро ташкил медиҳад", - менависад манбаъ.
Қобили зикр аст, ки бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо ҳамасола аз ҳамин замини наздиҳавлигӣ 2 ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, ҳамзамон анвои гуногуни маҳсулотро низ ба фурӯш мебароранд.
Имcол ин деҳқонони асил майдони кишти картошкаро 2 баробар зиёд намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҳоло баъди гирифтани ҳосили якум бародарон кишти дуюми зироатро ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои хуб дорад.
Манбаъ афзудааст, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ҳамчунин аз намоиши маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола бонувони хонаводаи Воисовҳо аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ ва боғоти он маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва намудҳои гуногуни хӯришҳо захира менамоянд. Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар намуди лӯбиёгиҳо низ маҳз аз ҳамин замин аст.
"Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати кадбонугии бонувони хонавода ҷиҳати омода намудани таомҳои миллӣ баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти истифодаи самараноки замин ба бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд", - менависад котиботи раисҷумҳур.
Мавриди зикр аст, ки дар деҳоте, ки бародарон Воисовҳо ба сар мебаранд, беш аз 34 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ карда, ҳамаи онҳо тавассути самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамасола то 2 ҳосил ба даст меоранд.