Ба ҷавони президентшав роҳ надоданд: КМИР номзадии Фаромӯз Иргашовро сабт накард

© саҳифаи фейсбукии худпешбар Фаромӯз ИргашшовФаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон
Фаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълон кардааст, ки адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашов, ки қаблан аз иштирок дар интихоботи президентӣ даъво дошт, барои сабти номи номзадиаш ба КМИР ҳеҷ ҳуҷате пешниҳод накардааст

ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Бино бар иттилои комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) қабули ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ 30 рӯз пеш аз интихоботи президентӣ сурат мегирад. Дар интихоботи ҳозира ин сана нимашаби 10 сенятбр ба охир расидааст.

Двое мужчин во время деловой встречи - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот имзоҳои зарурӣ ҷамъ карданд

Тавре КМИР қайд кардааст, адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашов барои сабти расмии номзадиаш ба мансаби президентӣ ягон ҳуҷҷат ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод накардааст.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон номзадҳо ба мансаби президентӣ барои сабтином дар КМИР, ба ҷонибдории худ бояд на камтар аз 5 дарсад аз шумори умумии интихобкунандагон имзо ҷамъоварӣ кунанд.

Дар маъракаи интихоботи президентии кунунӣ 5 дарсади имзои интихобкунандагон 245 ҳазору 100 нафар аст.

КМИР бар онаст, ки адвокати ҷавон натавонистааст миқдори имзоҳои лозимаро ҷамъоварӣ кунад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш адвокати 30-сола аз Хоруғ Фаромӯз Иргашов эълон карда буд, ки номзадии худро дар интихоботи қарибулвуқуъӣ президентӣ пешбарӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0