Боздошти корманди Маркази тестӣ бо 60 ҳазор сомонӣ: аз наздикони як донишҷӯ гирифтааст

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКонверт с долларовыми купюрами.
Конверт с долларовыми купюрами. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Каримзода Тоҳир Худойназар, сармутахассиси шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Маркази миллии тестӣ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори ҳаҷман калон боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Бино ба гузориши телевизиони “Тоҷикистон”, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи дар рӯзи 4-уми сентябр Каримзода Тоҳир Худойназарро дар вақти гирифтани пора аз хешовандони як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастгир намудаанд.

Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳашт ҳазор доллар деҳ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мекунам: боздошти устоди Донишгоҳи Хуҷанд

Нафари дастгиршуда дар гузориши телевизионӣ иқдор кард, ки охирҳои моҳи августи соли 2019 шаҳрванд Рабиева Гулбарг ва хоҳараш Гулбаҳор, омӯзгорони ДМТ, барои дохил намудани хоҳарзодаашон Рабиева Садбарг ба Донишгоҳи миллӣ муроҷиат кардаанд.

Гуфта мешавад, хоҳарон ба ӯ муроҷиат намуда кӯмак хостаанд ва ин масъули Маркази миллии тестӣ, бо роҳи қаллобӣ аз номбурдагон маблағи 6 ҳазор доллари амрикоӣ, баробар ба 60 ҳазор сомонӣ талаб намуда ваъда додааст, ки ба онҳо ёрӣ медиҳад.

Баъди се рӯз Каримзода бо Рабиева вохурда, аз ӯ маблағи 35 ҳазор сомониро гирифта ва бар ивазаш ҷиянаш Садбаргро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ихтисоси психологияи амалӣ дохил кардааст.

Рӯзи 31 уми августи соли 2020, Рабиева маротибаи дуюм ба Каримзода муроҷиат намуда, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки баъди анҷоми соли якуми таҳсил хоҳарзодааш Рабиева Садбаргро ба ихтисоси кори табобатӣ гузаронад.

Каримзода ин дафъа низ бо роҳи қаллобӣ ваъда додааст, ки бар ивази 30 ҳазор сомонӣ барои гузаронидани ҷиянаш ба дигар ихтисоси Донишгоҳ кӯмак менамояд.

“Рӯзи 4 уми сентябри соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани қисме аз маблағи мазкур Каримзода Тоҳир аз ҷониби кормандони КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шудааст”, омадааст дар иттилояи ТВТ.

Ҳоло нисбат ба Каримзода Тоҳир, сармутахассиси шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Маркази миллии тестӣ назди Президенти Тоҷикистон тибқи моддаи 247 қисми 3 банди “а” (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0