ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ, Негматова Мунира Мухамедовна ба чунин амал ҳангоми дар вазифаи омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда истоданаш даст задааст.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани хешаш-шаҳрванд “Б” бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуд.
“Санаи 27 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Негматова М.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”,- афзудааст манбаъ.
Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора
Агентӣ мегӯяд, дар ин асос нисбати Негматова М.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.