Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав бо Владимир Путин мулоқот кард

© МИД РТГлава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин в Москве
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Бино бар иттилои ВКХ Тоҷикистон ин мулоқот 9 сентябр дар Маскав баргузор шуд. 

"Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчун раиси ояндаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) зимни мулоқот бо Президенти Русия Владимир Путин суханронӣ кард", - менависад манбаъ.

Флаги и эмблема ШОС - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Русия масоили ҳамкориҳоро дар ҳошияи СҲШ баррасӣ карданд

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин мулоқоташ бо Путин гуфтааст, ки Русия сарфи назар аз пандемия дар соли 2020 тавонист дар СҲШ ҳамкории муассирро дар доираи Созмон  таъмин кунад.

"Ин имкон дод, ки дар татбиқи вазифаҳои аз тарафи роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2019 дар Бишкек гузошташуда натиҷаҳои хуб ба даст оварда шаванд", - афзуд вай.

Муҳриддин иттилоъ дод, ки ҳамчун вазифаҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар соли 2021, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд, масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеъгирии байналмилалии СҲШ, инчунин такомули заминаҳои қарордодӣ-ҳуқуқӣ гузошта хоҳанд шуд.

Дар СҲШ содироти ваксина бар зидди вируси коронаи сохти Русияро баррасӣ доранд – навор

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки шарҳи ҳадафҳо ва вазифаҳои раёсати Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муаррифӣ хоҳад кард.

 

 

Лентаи хабарҳо
0