Тоҷикистону Русия масоили ҳамкориҳоро дар ҳошияи СҲШ баррасӣ карданд

© Фото : Министерство обороны РФФлаги и эмблема ШОС
Флаги и эмблема ШОС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои марбут бо ҳолат ва дурнамои рушди фаъолияти ояндаи моҳияти ҳамкориҳои СҲШ дар шароитии феълии вазъи эпидемиологиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Машварати байни вазорати умури хориҷии Тоҷикистону Русия дар масоили ҳамкориҳо дар ҳошияи Созмони ҳамкориҳои Шонхай дар Маскав баргузор гардид.

Ҷонибҳо як қатор масъалаҳои арбут бо ҳолат ва дурнамои рушди фаъолияти ояндаи моҳияти ҳамкориҳои СҲШ дар шароитии феълии вазъи эпидемиологиро баррасӣ карданд.

В ШОС обсуждают поставки российской вакцины от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Дар СҲШ содироти ваксина бар зидди вируси коронаи сохти Русияро баррасӣ доранд – навор

Ҳамчунин як қатор иқдомҳо ва пешниҳодҳои давлатҳои узви созмонро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ройзаниҳои мазкур мутобиқи Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2020 баргузор гардиданд.

Созмони ҳамкории Шанхай - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда мебошад ва тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, амал мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва хитоӣ мебошанд.

26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон "Панҷгонаи Шанхай" ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд.

Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои "Панҷгонаи Шанхай" – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. 

Бахтиёр Ҳакимов: чандин кишвар барои узвият ба СҲШ дархост карданд

Тавре, ки қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай, маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав, маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24 - 26 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек доир гардид.

Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд.

Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай 5 июли соли 2000 дар пойтахти кишвари мо-шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0