Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд

Обуна шудан
Тоҷикистон сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои мулоқотҳо дар сатҳи баланд интизор аст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ният дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба Sputnik Ӯзбекистон.

Дар ҷараёни сафар мулоқотҳои дуҷониба ва ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар назар аст.

Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Бо дархости Ӯзбекистон: Расулзода бо Орипов коронавирусро баррасӣ кард

Интизор меравад, ки бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамоиши тиҷорӣ баргузор шавад.

Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ дод, ки санаи сафар, барномаи пурра ва ҳайати баъдпоя эълон хоҳад шуд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили қимати барқу газро баррасӣ хоҳанд кард

Истисно нест, ки дар ҷараёни сафари ҳайат, муассисаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон сохта шудаанд, ботантана кушода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0