Бо дархости Ӯзбекистон: Расулзода бо Орипов коронавирусро баррасӣ кард

© Sputnik / Екатерина Штукина Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода
Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо пешгирии паҳншавии коронавирусро дар ҳудуди ду кишвар ва ҳифзи саломатии аҳолиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Рӯзи 22 март, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо ташаббуси намояндагони кишвари ҳамсоя, телефонӣ сӯҳбат кард.

Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷонибаро, ки дар доираи сиёсати дурбинонаи сарони ду давлат ба роҳ монда шудааст, мавриди баррасӣ қарор додаанд.

"Ҳангоми суҳбат қайд гардид, ки ба мақсади пешгирии интишори коронавируси нав (COVID-19) ва таъмини амният ва солимии ҷомеа рафтуомади шаҳрвандон, ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва нақлиёти шахсӣ, ба истиснои автомобилҳои боркаш, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан қатъ мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, оғоз аз 24 марти соли равон дар Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёт миёни ҳамаи минтақаҳои кишвар маҳдуд карда мешавад. Аз рӯзи 22 март ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Тошканд маҳдуд шуд.

Сотрудница больницы CHC MontLegia в медицинской маске - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 45 нафар расид

На ба ин сӯ, на ба он сӯ: сарҳадот миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баста шуд

Дар баробари ин ҳамаи иншооти ҳаётан муҳим аз қабили мағозаҳо ва дорухонаҳо фаъоланд.

Пандемияи коронавирус

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

На сулфаю на таби баланд: олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0