Бархурди маргбори мототсикл бо “Опел-Астра”, як куштаву як захмӣ барҷой гузошт

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он як нафар ҳалок ва як тани дигар захмӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса санаи 7-уми сентябр, тахминан соати 20:10-дақиқа дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент сар задааст.

Дтп с таксти в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар Душанбе: бархурди ду такси ва ҳалокати ҳарду ронанда

Ба иттилои манбаъ, ронандаи мототсикли тамғаи “Урал”, Темиров Абдуғаффор Абдуқодировичи 48 сола, сокини ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент дар км-100-ум ба муқобили харакати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки таҳти идораи ронанда, Мавҷудов Соҳибҷон Шаҳриёровичи 31 сола, сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри мазкур бархӯрдааст. 

“Дар натиҷа Темиров А.А ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Мусофири мототсикли мазкур, Ҳасанов Рӯзибой Нодирович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Саразми ҳамин шаҳр ҷарохати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ш. Панҷакент бистарӣ гардидааст”,­-афзудааст манбаъ.

Суғд: дар 141 садамаи нақлиётӣ 75 нафар ба ҳалокат расидаанд

ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодиса  айни ҳол таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0