ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни муҳимтарини кишвар 29-умин солгарди Истиқлол шодбош гуфт. Раисҷумҳур дар паёмаш аз роҳи мушкили кишвар дар ҷодаи ба даст овардани мустақилӣ - ҷанги шаҳрвандӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар солиёни соҳибистиқлолӣ ёдрас шуд.
"Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад", - зикр кард вай.
Ӯ ҷанги шаҳрвандиро гуноҳи душманону хоинони миллати тоҷик хонд.
"Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд", - таъкид дошт президент.
Кишвардор ҳангоми зикри дастовардҳои Тоҷикистон дар солиёни Истиқлол аз ифтитоҳи "Роғун"-и тақдирсоз ёдрас шуд.
"Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба истифода дода шуда, то имрӯз дар он беш аз 1,6 миллиард киловатт — соат барқ истеҳсол гардидааст. Дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф карда шуд", - гуфт ӯ.
Китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни “Санъати китоб” шуд
Дар анҷом президент аз нафароне, ки дар ободии кишвар саҳм мегузоранд изҳори сипос кард.
"Бо истифода аз фурсат, ман ба хурду бузурги Тоҷикистон ба хотири заҳмати сарҷамъона барои фардои ободи Ватан ва сари баланди миллат сидқан ва самимона сипосу миннатдорӣ менамоям", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.