Хатари мавҷи дуюми коронавирус: дар Тоҷикистон таҷлили Истиқлолият манъ шуд

© Министерство здравоохранения РТПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷаласаи навбатии ситоди ҷумҳуриявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода баргузор гардид ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон манъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар ҷаласа Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон манъ карда шавад.

Коронавирус дар Тоҷикистон омори моҳи август - Sputnik Тоҷикистон
Вируси корона дар Тоҷикистон: омори дақиқи моҳи август

“Сайругашти мардум дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи қатъии талаботи фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад”, - гуфта шуд дар ҷаласаи ситод.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намуда, ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намоянд.

Лентаи хабарҳо
0