Бе ягон асос кордам зад: ҳамлаи як ҷавон ба марди 29-сола дар назди масҷид

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 19 сола, ки бо корд ба як марде дар назди масҷид ҳамла кардааст хабар доданд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри мазкур шикоят бурдааст, ки як ҷавони 19-сола ба ӯ дар назди масҷид бе ягон асос ҳамла кардааст.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти Меҳровар барои қатли додараш дар Душанбе-видео

Ба гуфтаи вай ин ҳодиса санаи 6-уми сентябри соли равон, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар назди масҷиди деҳаашон рух додааст.

Марди 29-сола қайд кардааст, ки ҷавони 19-солаи сокини ҳамон ҷо, бе ягон асос бо истифода аз корди дар дасташ буда, ду маротиба ба пои чапаш задаст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозоир ба иттилои ВУД Тоҷикистон кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0