Боздошти Меҳровар барои қатли додараш дар Душанбе-видео

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 24 солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори додараш муттаҳам мешавад

 

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, бо гумони бародаркушӣ  Бобоҷонов Меҳровари 24 сола боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, куштор дар заминаи муноқишаи лафзӣ ва якдигарнофаҳмӣ санаи 15 июл тақрибан соати 15:20 ба вуҷуд омадааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯз Бобоҷонов Меҳровар бо бародараш Бобоҷонов Бахтовари 18 сола муноқиша намуда додарашро зери латукӯб қарор додааст.

Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

Гуфта мешавад,Марҳум Бобоҷонов Бахтовар ҳамчун чораи муҳофизатӣ бо корди ошхонагӣ ба бародарааш ҳамла мекунад, аммо гумонбаршуда корди ӯро аз дасташ гирифта, як маротиба ба қафаси синааш зарба мезанад.

Дар натиҷаи зарби корди бародар бинобар сабаби рафтани хуни зиёд додар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, афзудааст манбаъ.

Вазорат шарҳ надодааст, ки чи омил боиси якдигарнофаҳми ва ҳатто куштор гаштааст.

ВУД мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашии бародар ба бародар набуда, даҳ рӯз пеш кормандони пулиси шаҳри Конибодом 

як сокини 40-солаи маҳаллиро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии додараш боздошт карданд.

Ҳамзамон ин ниҳод, қабл аз ин  як марди 42-сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0