ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз як ҳодисаи нохуш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Ротштқалъаи ин вилоят, сокини 50 - сола худро ғарқи рӯди Шоҳдара намудааст.
Зикр мегардад, ки номбурда бегоҳи рӯзи 17 - уми август, ба қасди худкушӣ кардан, худро ба дарё ҳаво додаст.
Кумита таъкид мекунад, ки ҷустуҷӯи ҷасади ӯ дирӯз бенатиҷа анҷом ёфт, ва субҳи рӯзи 18 - уми август, наҷотбахшон боз ба идомаи корҳои ҷустуҷӯӣ баромаданд.
Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд
Гузашта аз ин, дар ноҳияи Варзоб ҷасади сокини 17 - сола пайдо шуд. Марҳум рӯзи 17 - уми август, аснои оббозӣ кардан дар дарёи Варзоб ғарқ шуд.
Ҷасади ӯро сокинони ноҳия 20 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим намуданд.
Сабаби марги ӯ беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ арзёбӣ мешавад.