ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид намудааст, ки бархе ронандагони микроавтобусҳо, ёварони онҳо, мусофирон то ҳол реҷаи ниқобӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд ва нисбати ин масъала хунукназарона рафтор менамоянд.
“Бемасъулиятии ронандагон то дараҷае, ки мусофиронро бениқоб ба микроавтобус ва ё автобус савор мекунанд”, таъкид доштааст мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Гуфта шудааст, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон ҳамарӯза бо пиёда сохтани корҳои фаҳмондадиҳӣ мардумро ба риояи бечунучарои реҷаи ниқобӣ даъват менамоянд.
Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии короновирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби мақомоти марбута чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 пурзӯр гардида, барои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ корҳои тарғибу ташвиқот амалӣ шуда, шаҳрвандонро водор намуда истодаанд, ки барои ҳифзи саломатиашон ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намоянд.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд қайд кардааст, ки дар натиҷаи рейди муштарак дар баробари анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбати якчанд нафар ронандагон ва мусофирон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ситоди шаҳрӣ ба хотири пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки беҳдошти ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемории короновирус эмин доранд.