Нашри китоби “Саразми бостон. Панҷакенти қадим ва навин”

© © фото из архива М.МамадназароваФрагмент раскопок поселения Саразм
Фрагмент раскопок поселения Саразм - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нашриёти “Ношир” ба муносибати 5500-солагии Саразми бостонӣ китоби “Саразми бостон. Панҷакенти қадим ва навин” бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расонд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, китоби мазкур, ки аз панҷ боб иборат аст, ба муносибати ҷашни Саразми бостонӣ интишор гардида, оид ба таърихи куҳани Панҷакенти қадим, қаҳрамонон ва бузургони ин сарзамин, ҳамчунин даврони навини тараққиёти он матлабҳоро фаро гирифтааст.

Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабари қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистонро рад кард

Манбаъ афзуд, ки китоб барои муҳаққиқон, таърихнигорон, умуман дӯстдорони таърихи халқ, омӯзгорон ва донишҷӯён, оммаи васеи хонандагон муфид мебошад.

Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар сарсухани китоб таъкид кардааст, ки таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии классики адабиёти ҷаҳон Камоли Хуҷандӣ, ки аз ҷониби созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО хуш истиқбол гардиданд, заминаҳои муҳими сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва ташкиливу бунёдиеро ба вуҷуд оварданд, ки соли равон бо қарори ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ба таври шоиста таҷлил карда мешаванд.

Котиботи ҳукумати Суғд хотиррасон намудааст, ки ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии "Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ"-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт.

Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Нобаробарӣ: Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз истеҳсолот ду баробар зиёдтар аст

Ёдгории бостонии Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна – Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр, 15 километр дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст ва ёдгориҳои он муаррифгари таърихи ҳазорсолаи IV-II то милод маҳсуб меёбанд. Дар ин ҷо кишоварзӣ, меъморӣ ва ҳунарҳои нафисаи ниёгон, ҳамчунин коркарди фулузот ва рехтагарӣ равнақ доштаанд.

Саразм соли 1976 кашф шуда, масоҳати умумии ёдгорӣ аз 130 гектар иборат мебошад. Имрӯз 37,34 гектари он боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнуъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0