ДУШАНБЕ, 4 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кул, Нуридинов Фозил аз аввали соли соли 2017 дар вақтҳои ба худ муносиб бидуни иҷозатномаи дахлдор ғайриқонунӣ ба мубодилаи асъори хориҷӣ машғул шудааст.
“Аз ҷуммла 22 апрели соли 2020 ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ ӯ аз харидори шартӣ дар дохили бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маблағи 3500 доллари ИМА гирифта, бар ивазаш 39 ҳазору 550 сомонӣ дода, ғайриқонунӣ иваз намудааст”, - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Нуриддинов барои ҳар доллар ба ҳисоби 11,3 сомонӣ додааст, ки нисбати қурби расмӣ дар муассисаҳои молиявӣ бештар мебошад.
Мақомоти додситонӣ ин амали Нуриддиновро хилофи талаботи моддаи 9-и қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, хондааст, ки ба амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ машғул шудани дигар субъектонро мамнӯъ кардааст.
Додситони вилояти Хатлон нисбати Нуридинов барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтиш ба додгоҳ ирсол кардааст.
Додгоҳи шаҳри Бохтар дар пайи баррасии қазия Нуридиновро гунаҳкор дониста, ҷарима бастааст. Ҳаҷми ҷарима эълон нашудааст.