ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мегӯяд, ин кишвар ҳанӯз дар ҳафтаҳои дуюми сеюми моҳи майи соли равон нуқтаи авҷ ё пики гирифторӣ ба “вируси корона” – ро пушти сар карда, ҳоло вазъро комилан таҳти назорат гирифтааст.
“Он чӣ ки дар Тоҷикистон сатҳи гирифторӣ муътадил аст, ин ҳеҷ ҷои аҷобат надорад. Нуктаи авҷро шумо убур кардаед, балки аз он парида гузаштед. Теъдоди гирифтороне, ки раҳоӣ ёфтанд,дигар мариз намешаванд. Ба истилоҳ, пойгоҳи хӯрокии вирус коҳиш ёфтааст. Пас аз ин барояш пайдо кардани одамоне, ки сироят кунад, мушкил аст", - гуфт вай.
Яъне ҳаҷми гузаронидани тест афзоиш ва теъдоди маризони осебпазир коҳиш меёбад. Ҳозир камтар мариз мешаванд. Аммо аз ин ҳисоб, ки мо тест мегузаронем ва бештар ошкор мекунем, мебиинем, ки сатҳи гирифторӣ муътадил аст, афзуд Александр Семёнов.
Ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия якуним моҳи пеш ба Тоҷикистон омада, ба қавли раҳбараш, муҳлати будубошаро то ба ду моҳ тамдид кардааст. Вай мегӯяд, яке аз вазифаҳои ин ҳайат тақвияти зарфиятҳои тестии Тоҷикистон буд, ки бо муваффақият идома дорад.
“Тайи якуним моҳ зарфиятҳои тестгузаронии Тоҷикистон дую ним маротиба афзоиш ёфтааст. Агар моҳи май фақат дар Душанбе рӯзона 500 – 600 тест мегузаронданд, ҳоло шурӯъ аз Хуҷанд то Душанбеву Кӯлобу Хоруғу Бохтар ҳудуди 2,5 ҳазор тест гузаронида мешавад. Маълум аст, ки камолот ё такомул ҳадду канор надорад. Мо нақша дорем, ки гузаронидани тестҳоро ба марзи миёни 4,5 то 5 ҳазор расонем. Он замон мо натиҷаҳои табъи дил ва воқеиро ба даст меорем”, - гуфт Александр Семёнов.
Мақомоти Хуҷанд гуфт, тӯйхонаву тарабхона ва клубҳои шабона манбаи сирояти коронавирусанд
Тибқи иттилои раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ҳоло Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор тест барои “вируси корона” – ро дар ихтиёр дорад, ки аксари кулли он аз Русия ворид шудааст. Аммо вай гуфт, мушкил на дар доштани тест, балки мутахассисонест, ки онро мегузаронанд.
“Аз сифр мутахассисонро омода кардем, ки ҳазинаҳои замонӣ дар пай дошт. Муттаассифона, ин фанноварӣ хеле нозук аст. Ибтикору хоҳиш кофӣ нест. Бояд нишинед ва мисле, ки пианино менавозед, кор кунед. Вақти хеле зиёд даркор аст, то чизе ба даст ояд”, - гуфт Александр Семёнов.
Тибқи иттилои расмӣ, тайи як моҳи ахир теъдоди озмоишгоҳҳои вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки барои ошкор кардани “вируси корона” таъсис ёфтаанд, ба 9 адад расидааст. Онҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ қарор доранд.