Коршиноси рус гуфт, ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад

© Sputnik Вирусолог Александр Семенов
Вирусолог Александр Семенов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъати коршиносони рус, ки бо роҳбарии вирусшинос Александр Семенов дар Тоҷикистон қарор доранд, аз рафти корашон дар Тоҷикистон ҳисобот доданд ва ба муборизаи пазишкони тоҷик бо коронавирус баҳо доданд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Гурӯҳи коршиносони рус бо роҳбарии вирусшинос доктори илмҳои биологӣ, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Пастер Александр Семенович дар бораи сафари кориашон ба Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Омори ахири Вазорати тандурустӣ: дар ҷумҳурӣ шумори гирифторони коронавирус афзоиш ёфт

Дар рафти нишасти матбуотӣ Семенов ба суоли он ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад, посух гуфтааст.

Вирусшинос таъкид кард, ки мафҳуми "мавҷи дувум" истилоҳи комилан дуруст нест.

"Байни ҷамъият ва беморӣ иртиботе ҳаст, ки раванди "зинда" мебошад. Вақте ки ҷамъият ба беморӣ вокуниш мекунад ва меъёрҳои бехатариву пешгирикунандаро риоя мекунад, пас паҳншавии ҳамагирӣ коҳиш меёбад", - тавзеҳ дод коршиноси рус.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Хатари мавҷи дуюми коронавирус: дар Тоҷикистон таҷлили Истиқлолият манъ шуд

Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки одамон наметавонанд мӯҳлати дароз дар маҳдудиятҳо монанд ва дер ё зуд ба ҳаёти маъмулӣ бармегарданд.

"Замоне ки ин маҳдудиятҳо бардошта мешаванд, агар раванди эпидемиологӣ ба анҷом нарасад, беморӣ дубора авҷ мегирад", - тавзеҳ дод коршинос.

Ӯ афзуд, ки то ватқе ки барои пирӯзӣ бар коронавирус доруи махсус ё ваксини муассир пайдо нашавад, ки тавонад ҷамъиятро аз маризӣ ҳифз кунад, вазъ пурра тағйир намеёбад.

Вай ҳамчунин афзуд, ки бардоштани маҳдудиятҳо ва бештар шудани иртиботҳо байни сокинон ба афзоиши сироятёбӣ анҷом меёбад.

Коршинос: ҳеҷ кас аз сирояти дубораи коронавирус эмин нест

"Саволи дигар ин аст, ки ин афзоиш то кадом андоза маълум мегардад. Мавҷи дигар ё танҳо афзоиши сироятёбӣ мешавад"- гуфт дар анҷом вай.

 

Коршиносони рус аз 22 июл барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон қарор доранд ва якҷо бо пизишкони тоҷик бо коронавирус мубориза мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0