ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дилором Дадобоева, ҷонишини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ дар таваллудхонаи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарантинаи таваллудхона то ду ҳафта давом мекунад ва дар ин муддат корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад.
Ӯ гуфт, қарантин шудани зоишгоҳ бо мақсади пешгирӣ намудани манбаъи паҳни бемории COVID-19 ва ҳифзи саломатии сокинон аз маризӣ аст.
“Дар ин ҷо занон барои таваллудкунӣ аз ҳар шаҳру ноҳияи вилоят бситарӣ карда мешаванд. Ду нафаре, ки ахиран бистарӣ карда шуданд, онҳое будаанд, ки аъзои хонаводаашон ба бемории “илтиҳоби шуш” сироят шудаанд. Аз эҳтиёт мо он ду нафарро ба Бемористони клиникавии Суғд барои ташхис интиқол дода таваллудхонаро ба қарантина гирифтем. Хушбахтона то имрӯз ягон нафар дар таваллудхона аз каронавирус сироят нашудааст”, - афзуд Дадобоева.
Ин масъули зоишгоҳи Суғд гуфт, ҳоло беш аз чиҳил нафар умдатан занони таваллудкунанда бистариянд ва дар ҳеҷ кадоми онҳо табъи баланд ва ё дигар нишонаҳои бемории COVID-19 ошкор нашудааст.
Аксар занон дар шаҳру навоҳии Суғд онҳое, ки вақти ҳомиладорӣ бо зиёд мушкилиҳо гирифтор мешаванд умдатан дар таваллудхонаи Суғд муолиҷа гирифта таваллуд мекунанд. Масъулин мегуянд, зимнан то хатми давраи қарантинаи зоишгоҳи Суғд, барои қабули занон аз шаҳру навоҳии вилоят дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд шароит фароҳам кардаанд.
Суғд: ду зани гирифтори COVID -19, кӯдакони солим таваллуд кардаанд
Дафъаҳои охир мақомоти тоҷик дар бораи сирояти бемории каронавирус таъкид намуда, аз риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла аз гаштугузори бениқоби баъзе сокинон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Чанде пеш масъули дафтари матбуотии ҳукумати Хуҷанд аз баргузории як рейди шабонаи кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ошкор шудани мавридҳои зиёди риоя нашудани тавсияҳои беҳдоштӣ хабар дода, тарабхонаҳо ва клубҳои шабонаро аз маркази паҳни бемории каронавирус маънидод намуд.
Омори ахири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ медиҳад, ки шурӯъ аз 30 апрел то 3 сентябр дар кишвар 8 ҳазору 690 ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 сабт гардида аз ин шумор 86, 1 % ё худ 7 ҳазору 482 нафар то имрӯз шифо ёфтаанд. Ба иттилоъи ин Вазорат бар асари ин беморӣ 69 нафар фавтидаанд.