Курсие, ки ду моҳ боз холӣ аст: киро сартабиби таваллудхонаи Суғд таъйин мекунанд?

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазифаи сартабиби таваллудхонаи вилояти Суғд ду моҳ ба ин тараф холӣ аст ва нафаре ба ин мансаб таъйин нашудааст

ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Ду моҳ пеш ин вазифаро Шоира Бузурукова шарафмандона ба иҷро мерасонд, аммо рӯзи 4-уми июл бар асари бемории "илтиҳоби шуш" ин табиби ҳозиқ аз олам даргузашт.

Таъйини сартабиби зойишгоҳи Суғд маъмулан бо пешниҳоди ҳукумати маҳаллӣ ва фармони вазири тандурустӣ сурат мегирад.

Шуморе аз ҳамсуҳбатони мо таъкид бар он мекунанд, ки то ба ҳол таъйин нашудани касе ба ин вазифа шояд аз он аст, ки масъулин нафари лоиқ ба ин вазифаи муҳими соҳаи беҳдоштиро ҷустуҷӯ доранд.

"Шояд дар ҳукумати Суғд ва ҳам дар вазорати тандурустӣ таъйини нафари касбӣ ва лоиқ ба ин вазифаи роҳбарӣ фикр доранд. Чунки бе доштани таҷрибаи кофии кор пеш бурдани ин соҳа дар шароити хуруҷи пандемияи COVID-19 кори саҳлу содда нест", - мегӯяд, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Марҳум Шоира Бузурукова сар аз соли 2018 ин вазифаро дар таваллудхонаи Суғдро пеш бурд ва дар замони сартабибияш бо ташаббусҳои наҷиби худ дар ободӣ ва пешрафти фаъолияти ин муассисаи тандурустӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Марги як табиби ҳозиқ фоҷиаи бузург аст: андӯҳи ҳамкорон аз даргузашти Шоира Бузурукова

Аммо рӯзи 4-уми июл бар асари бемории "илтиҳоби шуш" дар синни 49 солагӣ аз дунё чашм пӯшид ва ба Ҳақ пайваст.

Бо гузашти наздик ба ду моҳ, касе ба вазифаи сартабиби таваллудхонаи Суғд таъйин нашудааст ва ин курсии роҳбарӣ ҳоло холӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0