Ҷавони тоҷик мудаии президентӣ шуд: Иргашов чӣ ваъдаҳо доду чиро интизор аст?-аксу видео

© саҳифаи фейсбукии худпешбар Фаромӯз ИргашшовФаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон
Фаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фаромуз Иргашов, сокини 30-солаи шаҳри Хоруғ, хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия тариқи худпешбарӣ муддаии мақоми президентӣ шуд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Иргашов бо нашри як навор изҳор дошт, ки тайи 7 соли охир ба ҳайси ҳимоятчӣ кор карда, шоҳиди ноадолатиҳо, фасодкорӣ ва сӯиистифода аз мақом шудааст.

Ӯ гуфт, ҳомии манфиати ҳеч паймони миллию минтақавӣ ва ё ҳизби мухолифин набуда, танҳо номзади худпешбаре мебошад, ки ба мардуми одӣ такя мекунад.

Иргашов таъкид намуд, ки чун аксарияти ҳамватанон шаҳрванди одӣ буда, танҳо ба шаҳрвандони қаторӣ бовар ва такя месозад.

Собиқ вакили Маҷлис, донандаи 4 забон: Иргашов кист?-аксу видео

Ӯ ваъда дод, ки дар якҷоягӣ бо мардуми одии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро аз чунин хизматчиёни давлатӣ, ки бо фасод кор доранду ҳокимияти давлатиро ба хонаи шахсӣ табдил дода, касеро ворид шудан ба он намемонанд, тоза мекунад.

Иргашов изҳор дошт, ки то ҳол ҳамроҳи тимаш 38 ҳазор имзоро ҷамъ намуда, барои сабт намудани номзадияш дастгирии ҳамватанон лозим мебошад. Ӯ даъват кардааст, ки ба тарафдорияш имзо гузоранд, то ҳамчун номзад сабти ном шавад.  

Бар асоси тарҷумаи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии нашркардаи Иргашов, ӯ солҳои 2015 – 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ буда, донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.

Ҳокимият ба халқ: нашри барномаи пешазинтихоботии Иргашов

Дар саҳифаи марбути ин муддаии маснади президентӣ инчунин барномаи пешазинтихоботияш нашр шудааст, ки бахшҳои гуногун аз маориф то муҳоҷирату тандурустӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Барномаи пешазинтихоботияш зери шиори “Ҳокимият ба халқ” нашр гардидааст.

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон имрӯз аз сӯи ҲХДТ номзад дар интихоботи президентии 11 октябр пешбарӣ шуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон – номзади ҲХДТ дар интихоботи президентӣ

Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Баъдтар дар интихоботҳои президентии солҳои 1999, 2006 ва 2013 низ пирӯз омад. Ин бори панҷум мешавад, ки ӯ вориди сабқати интихоботи президентӣ мешавад.

Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон қаблан, Ҳизби аграрӣ  Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби демократӣ  Саидҷаъфар Усмонзода ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бошад номзадии Рустам Раҳматзодаро пешниҳод карда буданд.

Ҳизби сотсиал демократӣ бошад, эълон кард, ки интихоботи навбатиро таҳрим ва аз ширкат дар он худдорӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0